РОҲСОЗӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ СТРАТЕГИИ КИШВАР

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ дар Ҷамоати деҳоти Обошорони ноҳия, мумфаршкунии роҳи деҳаи Санҷитак бо масофаи 1 км амалӣ карда шуд.

Иқдоми мазкур бо ташаббуси роҳбарияти ноҳия, саҳми маҳал ва дигар шахсони хайрхоҳу меҳандӯст амалӣ гардида, ду ҷониби роҳи бунёдшаванда бо сутунпояҳои муосир чароғон гардидааст. Роҳбарияти ноҳия дар суҳбат бо сокинон аз густариши корҳои ободонию бунёдкорӣ ёдоваршуда таъкид доштанд, ки дар саросари мамлакати азизамон омодагиҳо ба таҷлили шоистаи ҷашни таърихии миллат- 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошта, дар ноҳияи Ёвон низ силсилаи иншооти муҳими иҷтимоӣ бунёд гардида истодааст.

Аз сокинони Ҷамоат, ки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок мекунанд, даъват ба амал оварда шуд то барои ободонию хуррамгардонии маҳали хеш беш аз пеш саҳмгузор бошанд.