СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии соҳаи маориф дар назди МТМУ №3-и деҳаи Қайнамаи Ҷамоати деҳоти Обшорон сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ бо маром идома дорад.

Бояд гуфт, ки синфхонаҳои иловагӣ дар доираи ташабуси ҳизбии Мактаби ман ва дар доираи Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем" бо саҳми маҳал сохта мешавад. Ҳамзамон, раиси ноҳия аз рафти сохтмони он дидан намуда, иброз доштанд, ки мо дар якҷоягӣ метавонем дар мудати кутоҳтарин синфхонаҳои иловагиро ба истифода диҳем ва соли нави хонишро хонандагон дар синфхонаҳои наву замонавӣ ба таҳсил фаро гирифта шаванд.