АКСИЯИ ТОЗАГӢ РОҲАНДОЗӢ КАРДА МЕШАВАД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 27 июни соли равон дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Ёвон Аксияи тозагии атроф баргузор карда шуд. Дар баргузории аксияи мазкур кормандони Ҷамоати мазкур, фаъолони ҷамоат ва аъзоёну ҷонибдорони ҳизб иштироки фаъолона намуданд.

Ҳамзамон дар ин радиф кормандони як қатор ташкилоту муассисаҳо низ ба ҳашар баромада, роҳравҳои ҳудуди шаҳрак ва гирду атрофи биноҳои маъмурии корхонаҳоро тоза карда шуд. Инчунин аз ҷониби иштирокдорони ҳашар бехи дарахтони сояафкан ва мевадиҳанда нарм карда шуд.