БАЛАНД АСТ АЗ ФАЛАК ШОНИ МУАЛЛИМ

Ёвон:  

Барои он ки ҷойгоҳ ва манзалати воқеии муаллим шинохта шавад, барои он ки муносибати байни устоду шогирд дурусту сурат бигирад ва барои он ки кори таълиму тарбия босамар гардад, як назар андохтан ба низоми таълим ва тарбияи ниёгонамон, алалхусус, аҳли ирфон айни муддаост. Дар низоми мазкур танҳо нафароне аз ҷониби устод ба шогирдӣ пазируфта мешуданд, ки воқеан толиби илм бошанд. Хушбахтона, имрӯз дар кишвари мо омӯгорони асиле, ки кору фаъолияти онҳо шоистаи омӯзиш ва пайравӣ мебошад, кам нестанд. Шогирдони чунин устодони кордонанд, ки дар озмунҳо ва олимпиадаҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, номбардори миллат ва мояи ифтихори омӯзгорони худ мегарданд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон ба аёдати устоди варзида, Муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон устод Шаропов Сафолбек рафта, он касро ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон таҳният гуфтанд.