Урозов Икромҷон Изатуллоевич – Директори Маркази стомотологии ноҳия ва сармутахассиси соҳаи стомотологияи ноҳияи Восеъ

Урозов Икромҷон Изатуллоевич санаи 19.07.1968 дар деҳаи Гулобод, Ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноӽияи Восеъ  дар оилаи зиёи ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидои ва миёнаро дар МТМУ №33 Ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазов ноҳияи Восеъро гирифта, соли 1987 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба факултети стомотология дохилшуда донишгоҳи мазкурро соли 1992 бо гирифтани диплом аз руи ихтисоси табиби стомотолог хатм менамояд.

 Соли 1993 дар Донишгоҳи баъдидипломи кафедраи ҷоғу руйи беморхонаи клиникии №5-и шаҳри Душанбе дохил шуда, соли 1994  хатм кардааст.

         Урозов Икромҷон Изатуллоевич фаъолияти кориашро аз соли 1993 ба ҳайси табиби стомотологи Маркази саломатии ноҳиявӣ оғоз намудааст. Сипас  солҳои 1994-2009 табиби ҷарроҳӣ ҷоғу руй  дар Маркази саломатии ноҳия, аз соли 2009- то ҳол директори Маркази стомотологии ноҳия ва сармутахассиси соҳаи стомотологияи ноҳия фаъолият  дорад.

         Ӯ ҳамчун сардухтур бо зердастон муносибати самимӣ дошта дар чорабиниҳои сиёсии ноҳиявӣ ширкати фаъолона дорад.

         Соли 1994 бо шаҳрванд Алиева Гулистон оила барпо намуда, соҳиби 4- фарзанд мебошад.

         Фарзандон: Иззатуллоева Дилрабо соли таваллудаш 1998 ҳамшираи тиббии Маркази саломатии деҳаи Тосқалъа, Иззатуллоева Бибимо соли таваллудаш 2001 донишҷуи Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб, Иззатуллоев Рамазон соли тавалудаш 2004 хонандаи синфи 10-уми Литсейи президентии хонандагони болаёқати ш.Данғара, Урозова Сабрина соли таваллудаш 2007 хонандаи синфи 8 МТМУ №33-и ноҳияи Восеъ.

       Падараш Урозов Изатулло соли таваллудаш 1938 дар қайди ҳаёт нест.  Модараш Қодиралиева Роҳатой соли таваллудаш 1949 нафақахӯр. Хонаи истиқоматиаш 1 ошёна дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазов ноҳияи Восеъ воқеъ мебошад.

         Ҷиҳати иҷрои корҳои самаранок ва манфиатовар Урозов И, бо унвони аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016, ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Восеъ қадрдонӣ шудааст.       

         Аъзои ҲХДТ мебошад ва дар тамоми чорабиниҳои сиёсӣ иштироки фаъолона дорад.