Рафти таъмири синфхонаҳои иловагӣ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

“Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арзу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.”                      

Эмомалӣ Раҳмон

Дар Муассисаи таҳсилоти миëнаи умумии №14-и ноҳияи Восеъ дар доираи ташаббуси “Мактаби ман” корҳои ободонӣ ва таъмири синфхонаҳои иловагии муассиса идома дорад. Ҳадаф аз таъмири ҷорӣ муҳайё намудани шароити мусоид дар синфхонаҳои тозаву барҳаво ва зебо барои таълиму тарбияи шогирдон мебошад. Бо зебогардонии синфхона ва муассиса ҳисси зебоипарастии насли наврас низ зиёд карда мешавад, ки ин ҳам як навъ таъсиррасонӣ дар тарбияи шогирдон мебошад.