Орифзода Муҳаммад Қурбон – Мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ

Орифзода Муҳаммад  Қурбон санаи 17.11.1976 дар деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидои ва миёнаро дар МТМУ №3  дар деҳаи Охҷар,  ноҳияи Восеъ гирифта, соли 1999 дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб факултети забон ва адабиёти тоҷик дохил шуда, соли 2005 Донишгоҳро бо гирифтани диплом аз руи ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик  хатм менамояд.

         Орифзода Муҳаммад  Қурбон фаъолияти кориашро ба ҳайси омӯзгор ифтитоҳ намуда, сипас дар вазифаҳои директори муассисаи таълимӣ, сармутахассиси танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев, раиси ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев, мудири бахш оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кор кардааст.  Шахси таҷрибадор бо зердастон муносибати самимӣ дорад.  

         Орифзода Муҳаммад  Қурбон оиладор соҳиби 4 фарзанд мебошад.

         Фарзандон: Абдусаттори Маҳмадхон соли таваллудаш 1997, оиладор айни ҳол дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Сомони Маҳмадхон соли таваллудаш 1998. Зикруллоҳи Маҳмадхон соли таваллудаш 2002. Шоҳинаи Маҳмадхон соли таваллудаш 2008.   

          Солњои 2005-2007- омӯзгори муассисаи таълимии №49-и ноҳияи Восеъ, аз моҳи майи то моҳи октябри соли 2007 сармутахассис оид ба корҳои дини Ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиев, солҳои 2007-2008 директори МТМУ №62-и ноҳияи Восеъ, солҳои 2008-2011 директори МТМУ №49-и ноҳияи Восеъ, солҳои 2011-2013 муовини раиси Ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиев, солҳои 2013-2014 мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ, солҳои 2015-2016 раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ, солҳои 2016-2017 муовини раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев, соли 2017 раиси  Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев, аз соли 2017 то ҳол мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ фаъолият менамояд.

       Нақлиёти шахси надорад.  Падараш Орифов Қурбоналӣ соли таваллудаш 1952, нафақахӯр мебошад. Модараш Нурова Гулнисо соли таваллудаш 1957, нафақахӯр мебошад. Хонаи истиқоматиаш як ошёна ва дар деҳаи Охҷар , Ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ воқеъ мебошад.

 Ҷиҳати иҷрои корҳои самаранок ва манфиатовар ба ҷомеа Орифзода Муҳаммад  Қурбон бо медали аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Восеъ сарфароз  гардидааст.