Мирзоева Шарофат Абдуллоевна – Директори муассисаи таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ

Мирзоева Шарофат Абдуллоевна  санаи 7.11.1968 дар деҳаи Файзободи ноҳияи Восеъ дар оилаи деҳқонн ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидои ва миёнаро дар МТМУ №18-и Ҷамоати деҳоти Гулистон  гирифта, соли 1985  ба Донишкадаи  давлатии шаҳри Кӯлоб ба факултети педагогика ва психология дохил мешавад. Донишкадаро соли 1989 бо гирифтани диплом аз руи ихтисоси педагогика ва психология хатм менамояд.  Айни ҳол ҳамчун директори муассисаи таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи ноҳия  фаъолият дорад.

         Мирзоева Шарофат Абдуллоевна директори муассисаи таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи ноҳия бо коллективи меҳнатӣ муносибати самимӣ дошта ҳамчун зани таҷрибадор миёни коллективҳои меҳнатӣ иззату эҳтиром дорад.  У доимо дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободонӣ иштироки фаъолона намуда, ҳангоми роҳбариаш дар муассисаи мазкур шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст.

         Мирзоева Шарофат Абдуллоевна  баъди хатми Донишгоҳ соли 1989то соли 2000 дар МТМУ №1-и ноҳия ба ҳайси муаллимаи синфҳои ибтидоӣ, аз соли 2000 то соли 2006 мушовири шуъбаи маорифи ноҳия, соли 2006 то соли 2010 директори МТМУ №53-и ноҳия, соли 2010 то 2014 мудири кӯдакистони №2-и ноҳия, соли 2014 то соли 2016 директори МТМУ №11-и ноҳия ва аз соли 2016 то инҷониб директори муассисаи таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи ноҳияро ба ӯҳда дорад.

         Мирзоева Шарофат Абдуллоевна  соли 1989 бо Умаров Расул Фақерович оила барпо намуда соҳиби 3 фарзанд мебошад. Фарзандонаш: Умарова Шарифамо соли таваллудаш 1990 оиладор мебошад, Умарова Парвина соли таваллудаш 1993 оиладор омӯзгори МТМУ №78шаҳри Душанбе, Мирзоева Одинамоҳ соли таваллудаш 2008 хонандаи синфи 3 гимназияи давлатии №1 –и ноҳия мебошад.

Мирзоева Шарофат Абдуллоевна  дар Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук хонаи истиқоматӣ дорад. Падараш Мирзоев Абдулло соли таваллудаш 1935 дар қайди ҳаёт нест. Модараш Турахонова Ғумчагул соли таваллудаш 1945 дар қайди ҳаёт нест.  

         Ҷиҳати иҷрои корҳои самаранок ва манфиатовар ба ҷомеа Мирзоева Шарофат Абдуллоевна   аз номи раиси ноҳияи Восеъ ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ифтихорнома гирифтааст.