Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан – Муовини якуми раиси ноҳияи Восеъ

Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан санаи 25.12.1964 дар ноҳияи Восеъ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидои ва миёнаро дар МТМУ №18  дар деҳаи Файзободи ноҳияи Восеъ гирифта, соли 1988 Техникуми политехникии шаҳри Душанбе бо ихтисоси муҳандис ва соли 2009  Донишгоҳи  аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси меллиоратор бо гирифтани диплом аз руи ихтисосҳои муҳандис, меллиоратор хатм менамояд.

         Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан ҳамчун шахси таҷрибадор бо сокинони Ҷамоати деҳоти Гулистон муносибати самимӣ дошта у доимо дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободонӣ иштироки фаъолона дорад.

         Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан оиладор соҳиби 7 фарзанд мебошад.

         Фарзандон: Шабнами Шералӣ соли таваллудаш 1990 оиладор дар шаҳри Душанбе зиндагӣ менамояд. Лоиқ Шералӣ  соли таваллудаш 1991  оиладор, сардори Раёсати истифодабарии стансияҳои насоси минтақаи Кӯлоб, Ҳангомаи Шералӣ- соли тавалудаш 1994 оиладор дар шаҳри Кӯлоб истиқомат менамояд. Мавзунаи Шералӣ соли таваллудаш 1996 оиладор дар деҳаи Охҷар, Ҷамоати деҳоти М.Маҳмадалиев зиндагӣ мекунад. Фирузи Шералӣ соли таваллудаш 1997 донишҷуи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мебошад.

солњои 1981-1982- колхозчии колхози ба номи В.И.Ленини  ноҳияи Восеъ, солњои 1983-1985- хизмат дар сафи Ќуввањои Мусаллањи ИЉШС, солњои 1985-1988-донишҷӯи техникуми политехникии ш.Душанбе, солњои 1988-1990-муњандиси Раёсати истифодабарии стансияњои насосии минтаќаи Кўлоб дар ноњияи Восеъ, солњои 1990-1994- муњандиси дараљаи 1-уми Раёсати истифодабарии стансияњои насосии минтаќаи Кўлоб дар ноњияи Восеъ, солҳои-1994– 2001  муњандиси шуъбаи истењсолии Раёсати истифодабарии стансияњои насосии минтаќаи Кўлоб дар ноњияи Восеъ, солҳои 2001- 2004 сармуњандиси Раёсати истифодабарии стансияњои насосии минтаќаи Кўлоб, солҳои 2004- 2017  сардори Раёсати истифодабарии стансияњои насосии минтаќаи Кўлоб дар ноњияи Восеъ, аз соли 2017 то инҷониб муовини якуми раиси ноњияи Восеъ дар   ноњияи Восеъ фаъолият намудааст.         

    Тамғаи нақлиёти шахсиаш “TAYOTA carolla-2”мебошад. Падараш Холов Ҳасан  соли таваллудаш 1914 дар қайди ҳаёт нест. Модараш Каримова Ҳалима соли таваллудаш 1930 нафақахӯр мебошад. Хонаи истиқоматиаш як ошёна ва дар деҳаи Файзобод, Ҷамоати деҳоти Гулистон воқеъ мебошад.

 Ҷиҳати иҷрои корҳои самаранок ва манфиатовар ба ҷомеа Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ сарфароз  гардидааст.