ОБОД НАМУДАНИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ИҚДОМЕСТ МОЯИ САРБАЛАНДӢ ВА ДОРОИ АҶРУ ПОДОШИ ЗИЁД.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар фармудаҳои ниёгон ва аҳли адаб омадааст, ки гӯшаи вайронаеро обод намудан, ба афтодае дасти мадад дароз кардан, гуруснаеро нон додан ва ҳоҷати муҳтоҷеро баровардан нишонаи имондориву футувват ва бузургӣ мебошад.Ва ин гуна шахсон дар ноҳияи Восеъ хеле зиёд ҳастанд. Яке аз онҳо вакилӣ ноҳиявӣ Азизов Саймухтор мебошад, ки барои обод намудани майдончаи варзишии Муассисаи таълимии №35-и ноҳияи Восеъ саҳми муносиби худро гузошт. Аз ин дастгирии Азизов Саймухтор хонандагони муассисаи таълимии номбурда хеле шод гашта, миннадории худро барои муҳайё намудани як майдончаи варзишӣ бо лавозимотҳои лозимӣ ба ин вакили хайрхоҳ расониданд.