Баргузории даври ноҳиявии озмуни "Маърифати ҳуқуқӣ- ойини худшиносӣ" байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ

Восеъ:  

Санаи 28-уми декабри соли 2023 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷмҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки аз ҷониби Пешвои миллат соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд, чунки дар ин сол аз қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад ва ин ҷашн бояд бошукуҳ таҷлил карда шавад.

Ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз он ҷумла ҷавонон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он  даври ноҳиявии озмуни "Маърифати ҳуқуқӣ- ойини худшиносӣ" байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ баргузор карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки ба сатҳи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ин худ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад.