Корҳои созандагӣ ҷараён дорад.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Барои шароити мусоид фароҳам овардан ва зебо намудани роҳу кӯчаҳо иқдоми хайрхоҳона дар Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ аз ҷониби вакили ноҳиявӣ Лоиқ Шералӣ амалӣ карда шуд. Роҳҳои байни деҳаи Гулистон сангфарш гардида, бо дастгирии сокинон тахту ҳамвор карда шуд.

Соҳибкорону саховатмандон ва вакилони ноҳиявӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастур ва ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ саҳми худро дар корҳои ободонию созандагии диёри худ гузошта истодаанд.

Ташаббусҳои роҳандозигардида баҳри созандагиву бунёдкорӣ, ободониву зебогии кишвари азизамон равона гардидааст ва ин ташаббусҳо аз ҷониби сокинон хуб пазируфта шуда, дар амал татбиқ мегарданд. Бояд ёдовар шуд, ки чунин иқдомҳои хайру савоб ва амалҳои ҷавонмардонаи мардони саховатпеша, хайрхоҳӣ ба ҳамдеҳагону ҳамшаҳриён ва ояндаи миллату давлати худ мебошад.