ВОХӮРИИ БО ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

Вахш:  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолияташон ба ҳайси сарвари давлат тамоми таваҷҷуҳ ва ҷаҳду талошашонро барои рушди илму маорифу фарҳанг, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ, ватандӯстӣ, арҷгузорӣ аз таъриху фарҳанги ниёгон, эҳёи ҳунарҳои суннатию мардумӣ ва шинохти бузургони миллат равона намуданд.

Инак соли шашум аст, ки бо амри Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи шаш номинатсия –адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср баргузор мегардад, ки тамоми қишрҳои ҷомеаро ин озмун ба худ ҷалб намудааст, таърихи 23.04 соли 2024 дар асоси нақша чорабиниҳои таҳрези намуда, маҳфили “Фурӯғ” дар ТИ “Китобдорон” бо иштироки довталабони озмуни мазкур баргузор гардид.

 

         Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.