ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ШОМИЛШАВИ БА ГУРӮҲҲОИ ТУНДГАРО ВАЗИФАИ АВВАЛИНДАРАҶАИ ҶОМЕА МАҲСУБ МЕШАВАД.

Вахш: Вокуниш  

Бояд ёдовар шуд, ки экстремизм ва терроризм мафҳумҳоеанд, ки имрӯз вирди забони ҳамагон гардидааст ва ин ду мафҳум ба ҳам тавъаманд. Террористон мехоҳанд, ки мақсадҳои ғаразноки худро бо роҳҳои зуроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, яъне ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Тавре ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора шуда буд, ҷавононро бори дигар ба масъулиятшиносиву ватандӯстӣ даъват мекунад: «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст,  ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва xонаи ҳар як сокини сайёра аст. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳама авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи чиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст».

Бояд тазаккур дод, ки масъалаи шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгароию ифротӣ албата доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст, ки ин ҳам аз якчанд омилҳои манфӣ вобастагӣ дорад. Беаҳамиятӣ зоҳир намудани волидон нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон, муҳити носолиме, ки ба шуур ва рӯҳу равони ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад, инчунин, муносибат доштан бо ҷавононе, ки аз одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ аз фарҳанги пурғановати ниёгони мо дур ҳастанд. Инҳо яке аз омилҳое мебошанд, ки ба дохилшавии ин қишри ҷудонашавандаи ҷомеа ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ замина мегузорад.

Кишварҳои олам дар алоҳидагӣ ва ҳамбастагӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо ин падидаи хатарзо чораҳои амалиеро рӯйи даст гирифтаанд. Бо мақсади муқовимат бо терроризм ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста талош менамояд, ки мизони матлуб аз ҷониби кишварҳои алоҳида ба роҳ монда шавад, зеро ин падидаи манфӣ барҷастатарин таҳдид алайҳи суботу амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Боиси ифтихору сарбаландии мо ҷавонони замони соҳибистиқлолии кишвар аст, ки мавқеъгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бар алайҳи терроризм аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар мушаххас буда, дар суханрониҳои Сарвари давлатамон аз минбарҳои ниҳодҳои муътабари байналмилалӣ, аз ҷумла СММ мавзеъгирии оштинопазиронаи кишвар дар баробари терроризм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили зиддибашарӣ пайваста таъкид шудааст. Бо мақсади мубориза бар зидди терроризм аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуи тадбирҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ-динӣ андешида шудаанд.

Мусаллам аст, ки кишваре дар танҳоӣ тавоноии мубориза бо терроризми байналмилалиро надорад ва ин чиз боис мешавад, ки кишварҳо дар сатҳи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ иқдомҳои муассиру дастаҷамъонаеро рӯйи даст бигиранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина кишвари пешгому фаъол муаррифӣ гардидааст ва саҳми он дар самти мубориза бо террорризм дар миқёси созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ хеле назаррас аст. Тоҷикистон ҷонибдори қатъномаҳои Шурои Амнияти СММ дар бораи мубориза бо терроризм буда, аз стратегияи зиддитеррористии глобалии СММ пуштибонӣ менамояд.

Мутаасифона, ин падидаи номатлуб дар ҷумҳурии мо дар байни бархе аз ҷавонон тарафдорони худро пайдо кардааст. Боиси нигаронист, ки бархе аз ин ҷавонони раҳгумзада падару модар, ҳамсару фарзандон ва дигар наздиконашонро дар ғурбат гузошта, худ ба кишварҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия ва Миср ворид шуда, ба ин васила xонаи худ ва дигаронро дар хатар мегузоранд. Арзишҳои чун ватандӯстиву ватандорӣ ва худшиносӣ дар зеҳни онҳо бегона гашта, ҷойи онро идеология ё афкори зиддимилливу мардумбадбинӣ фаро мегирад.

Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерўи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Тадбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа фаъол бошанд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, амнияти давлат, шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд. Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ва амнияти ҷаҳон ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Терроризм ва ифротгароӣ ин барангезандаи низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад, ки қурбони он дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мегарданд. Бинобар ин ҷавонон дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ ба Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

 

Мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар н.Вахш           Ватанзода У.