ҲИФЗИ МАРЗ АЗ ДУШМАН РИСОЛАТИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ!

Вахш: Вокуниш  

 Таърих гувоҳ аст, ки аз азал халқи тоҷик дар нигоҳдории марзу буми ватани худ ҷонбозиҳои беназир намуда, забон, фарҳанг ва ниёгони худро аз аҷнабиёну тахтхоҳон  дар амон  нигоҳ  доштанро рисолати  аслии хеш медонистанд. Тоҷикистони соҳибистиқлол бо чор давлат ҳамсарҳад мебошад. Миллати тоҷик дар ҳамсоядорӣ, меҳмоннавозӣ ва дустиву  бародарӣ  ҳамто надорад.  Ҳамаи ҳадафҳои стратегии кишвар зина ба зина амалӣ гашта истодааст. Натиҷаи мусбати амалишавии ин барномаҳост, ки зиндагии мардуми Тоҷикистон беҳтар гардида, айни замон мардуми шарифи мамлакат барои истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагиҳои ҷиддӣ дида истодааст.

Мо як миллатем ва як Ватан дорем, ки номаш Тоҷикистон аст. Ба он нафароне, ки анҷумане ва ё гурӯҳҳои манфиатталаберо таъсис додаанд гуфтанием, ки мардуми Тоҷикистон дар тули истиқлолияти худ зиёд чунин ҳизбу ҳаркатҳо ва анҷуманҳое, ки аз номи халқ истифода мебурданд, диданд ва ҳеҷ яке аз онҳо ба миллати худ содиқ набуданд ҳамеша миллатро бо ду танга фурӯхтанду ба миллат хиёнат карданд. Миллати тоҷик дигар ба садоқати чунин хиёнаткорон бовар надорад. Агар аъзои чунин гурӯҳҳо худро озодандешу равшанфикр мешуморанд, пас, ба Ватан биёянд бо мо ҳамсаф шаванду якҷо барои ободию рушди иқтисодӣ ва сохтани Тоҷикистони бузург кӯшиш кунем. На чизе дигар.  Ҳар нафаси кашидаи хешро барои ватан сарф намоему барои оромияш пайваста омода бошем, барои ободияш заҳмат кашем. Ҳамаи ин моро ҳушдор месозад, инисбати ваҳдати худ сахттар амал намуда, муттаҳидии хешро пароканда насозем, зеро ки баъзе бадхоҳони миллатамон ба пӯсти рӯбоҳ дохил шуда, мехоҳанд бо макру ҳиллаи худ сулҳи моро аз байн баранду боз мардуми тоҷикро ғарибу дар ба дар созанд. Миллати сарбаланду ғаюри тоҷик ҳамеша ба ҳимояи ватани худ омода ҳастанд, зеро ки ватан боиси хушҳолии оилаи ҳар яки мо ба ҳисоб меравад ва соҳиб шудан ба ҳамаи хушбахтиҳо аз ватандорӣ манша мегирад. Мо дар зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин давлатро сохтем, ободаш кардем ва ҳифзаш мекунем.

 Мудири бахши омор ва маҳзани

 ягонаи электонии Кумитаи иҷроияи

 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

 дар ноҳияи Вахш    Ватанзода У.В.