ҚАДРИ УСТОД АЗ ПАДАР БЕШ АСТ...

Вахш: Созандагони ватан  

“Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад”.

  Пешвои миллати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бо мақсади арҷгузоштан ба хизматҳои шоёни омӯзгорон дар асоси нақша чорабиниҳои муштараки ТИ “Маорифчиён” ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” – и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, байни хонандагони муасссисаҳои таълимии ноҳия озмуни қироати шеър ва сухан дар васфи омӯзгорон  таҳти унвони “Дар васфи омӯзгор” баргузор гардида истодааст, ки ин навбат аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз МТМУ №8, ҳунару маҳорати хешро аз рӯи Низомномаи озмун пешкаши аъзои ҳакамон намуданд, ки ин ташаббуси барои расидан ба қадри заҳматҳои омӯзгор аз тарафи хонандагон беҳтарин иқдом ва саривақти мебошад.

 Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.