САҲМИ АЪЗОЁНИ ҲХДТ ДАР КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар партави  дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, оид ба кабудизоркунии маҳали зист ва саҳм гузоштан дар сарсабзиву ободонии кишвар аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар асоси нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ ва аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “ҲХДТ – ҳизбӣ созандаву бунёдкор” дар ноҳияи Вахш ба корҳои ободони камари ҳиммат баста дар ташкилотҳои ибтидоӣ ба шинонидани гулу гулбутаҳо ва дарахтони ороишиву сояафкан машғул гардида истодаанд. Бо ин мақсад аъзоён ва ҷонибдорони ТИ “КАТС”-и ноҳия ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дар мавзеъҳои муайян гардида ба шинонидани гулҳои мавсимӣ, дарахтони ороишӣ  машғул гардида, як гӯшаи диёри азизамонро сарсабзу хуррам гардониданд ва тасмим гирифтаанд, ки дар оянда низ ба чунин корҳои ободони барои зебову дилкаш гардидани деҳаву маҳалҳо саҳмугузори намоянд.

 Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Вахш.