ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ АЗ ТАРАФИ АЪЗОЁНИ ҲХДТ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади сазовор ва бо дастовардҳои назаррас таҷлил намудани ҷашнвораҳои муҳими сиёсии дар пешистодаи кишвар ҳама рӯза дар ноҳияи Вахш корҳои созандагиву бунёдкори аз тарафи аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо маром идома дорад. Дар ин замина аз тарафи кумита падару модарон дар назди МТМУ №11 тариқи ҳашари дастаҷамъона дар толори варзишии муассисаи мазкур таъмир оғоз гардидааст, ки масъулин тасмим гирифтаанд, ки дар рӯзҳои наздик таъмирро ҷавобгӯ бо талаботҳои замон ба итмом расонида ба истифода диҳанд.

ШУъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.