ВОХӮРИҲО ДАР САҲРО ОИД БА РАСОНИДАНИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ РОҲБАРИЯТИ ОЛИИ КИШВАР

Вахш:  

 Масъулини Кумитаи ироияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар асоси дастуру супориши Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҳамарӯза бо усули хона ба хона ва дар саҳро ба мардум суҳбату вохӯриҳо доир намуда, ба онҳо дар бораи истифодаи самаранок ва мақсадноки замин ва аз он рӯёнидани ҳосили дилхоҳ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Дар доираи нақша чорабиниҳои муштарак раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ватанзода С.В.,  раиси ТИ “ҷ/ш Киров” Асоев Ё., раиси ТИ “Кишоварзӣ” ва дигарон вохӯрии навбатии хешро дар ин самт бо аҳли заҳмати ТИ “Рӯзобод”-и ҷамоати шаҳраки Киров баргузор намуданд. Дар рафти вохӯрӣ дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро дар самти истифодаи дуруст ва мақсадноки замин, инчунин оид ба пешгирии аҳолии кишвар алалхусус ҷавонону наврасон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тундраву радикалӣ суҳбатҳои судманд доир намуданд.

 

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Вахш.