САҲМИ АЪЗОЁНИ ТИ “БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ” ДАР КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ ва бо дастовардҳои назаррас таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат оид ба кишвари сабз табдилдодани Тоҷикистони азиз имрӯзҳо дар асоси нақша чорабиниҳои муштарак аз ҷониби аъзоёни фаъоли ҳизб дар сартосари кишвари маҳбубамон корҳои созандагиву сабзкорӣ идома дорад.

Дар ин зимн, ҳар ҳафта ҳашарҳои дастаҷамъона оиди сарсабзу хуррамгардонии маҳали зист идома дорад, ки масъулини кумита аз рафти саҳмгузории аъзоёни ТИ “Беморхонаи марказӣ” дар ин самт дидан намуданд, ки аъзоёни ин ташкилот бо ҳисси баланди ватандориву хештаншиносӣ ба корҳои созандагӣ машғул буданд.

 

         Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.