ВАТАНАМОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ ва бо дастовардҳои назаррас таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат оид ба кишвари сабз табдил додани Тоҷикистони азиз имрӯзҳо дар асоси нақша чорабиниҳои муштарак аз ҷониби аъзоёни фаъоли ҳизб дар сар то сари кишвари маҳбубамон корҳои созандагиву ободонӣ бо маром идома дорад.

Дар ин раванд саҳми арзандаи аъзоёни ТИ “Маорифчиён” беандоза буда, дар баробари таълиму тарбияи насли наврас дар тамоми корҳои созандагиву ободонӣ саҳми беандоза гузошта истодаанд. Дар асоси нақша чорабиниҳои муштарак таърихи 13.04 соли 2024 дар қаламрави ноҳия маъракаи гулшинонӣ доир гардид, ки аъзоёни ин ташкилот бо дарки баланди масъулиятшиноси ва арҷгузорӣ ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ба руҳияи баланди хештаншиносӣ ба ҳашари дастаҷамъона баромада, саҳми муборизи хешро дари ин самт гузоштанд.

 

         Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.