САҲМИ АРЗАНДАИ АЪЗОЁНИ ҲХДТ ДАР КОРҲОИ ОБОДОНӢ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ ва бо дастовардҳои назаррас таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат оид ба кишвари сабз табдилдодани Тоҷикистони азиз имрӯзҳо дар асоси нақша чорабиниҳои муштарак аз ҷониби аъзоёни фаъоли ҳизб дар сартосари кишвари маҳбубамон корҳои созандагиву сабзкорӣ бо маром идома дорад.

Дар раванди корҳои ободониву сарсабзгардонӣ ва ҳифзи табиат саҳми аъзоёни ТИ “Табиат” беандоза буда, аъзоёни ин ташкилот аз тамоми роҳу василаҳо истифода намуда, саҳмгузорӣ менамоянд. Дар баробари дигар ташкилоту идораҳо дар асоси нақша чорабиниҳои таҳрезигардида аъзоёни ин ташкилот сарҷамъона ба ҳашар баромада, бо шинонидани дарахтони ороишиву мевадиҳанда ва гулу гулбуттаҳои ороишӣ симои муҳити зистро зебову озода гардонида истодаанд.

 

         Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.