АМАЛИГАРДИИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

Вахш: Созандагони ватан  

Бо мақсади иҷрои саривақти ва сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар 28.12 соли 2023 оид ба сатҳу сифати таълиму тарбия ва омӯзиши забонҳои хориҷи дар тамоми зинаҳои таҳсил ироа намуда буданд, масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, нақша чорабиниҳои бахши ҷавонон ва ТҶҶ “Созандагони Ватан”-ро  ба тавсиб расонида, аз муасисаи томактабии №7-и ноҳия дидан намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат оид ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсил ба масъулини боғча расонида шуда, инчунин масъулини кумита дар рафти машғулиятҳои толибилмон иштирок ва суханронӣ намуда, дар суханронии хеш қайд намуданд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои мауззами миллат, омӯзгорону муррабиёнро зарур аст, ки корро дар ин самт дуруст ба роҳ монда бо ҷалби мутахассисони ҷавону кордон сатҳи  таълиму тарбия ва забономӯзии толибилмонро баланд бардоранд.

 

 

         Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Вахш.