ЗАМИН БОИГАРИИ ДАВЛАТ

Вахш:  

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ба мақсади иҷрои саривақтии он масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш аз рафти истифодаи дуруст ва мақсадноки заминҳои кишоварзӣ аз тарафи кишоварзони ноҳия бо  усули “Хона ба хона”  вохӯриҳои судманд доир намуда истодаанд.

Вобаста ба оқилона ва самаранок истифодабарии қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи  Вахш  амалиёти навбатии хешро дар ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ баргузор намуда, ба хонаҳои шаҳрвандон ташриф оварда дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишварро дар самти истифодаи дурусти замин расониданд ва аз рафти истифодаи заминҳои кишт дидан намуданд.

 

 

         Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.