ХИЁНАТКОРОН БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД

Вахш: Вокуниш  

 Чӣ тавре, ки ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, яке аз проблемаҳои  ҷаҳони  имрӯза  ин  терроризм  ва экстремизм ба ҳисоб меравад,  ки  дар  шабакаҳои  интернетӣ  як  қатор гурӯҳҳои  ифротгароӣ пайдо  шудаанд,  аз  қабили  гурӯҳи  24,  ҲНИТ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Ашур Ҳусейн, ки ин гуна ифротгароён ҳеҷ вақт ба мақсади нопоки худ нарасидаанд ва ҳар гиз намерасанд. Террорист ин худ на дин дорад на мазҳаб ва на давлат.

      Барои  онҳо  ҳама  гуна  арзишҳои инсонӣ бегона буда, имрӯз ягон давлати  дунё  аз  хавфи  амалҳои  террористӣ эмин буда наметавонад. Он ҳам  боиси  нигаронӣ  аст, гурӯҳҳои  террористӣ  ва  тундгаро аз дастовардҳои технологияҳои иттилоотӣ барои паҳн кардани ақидаҳои бадашон  мехоҳанд  дунёро  ноором созанд. Терроризм маънояш террор, тарсу  ваҳм мебошад, яъне дар дили инсоният тарсу ваҳм медароранд, хусусан ҷавононро мехоҳанд ба роҳи бади худашон баранд, лекин хушбахтона ҷавонони Тоҷикистони азизи мо, Пайрави Пешвои миллат ҳастанд, инчунин ҷавононро зарур аст, ки баръакс бо ин гуна гурӯҳҳо мубориза баранд ва зери шиори “Мо ҷавонон Пайрави Пешвои миллат ҳастем” кору  корбарӣ  намоянд.

Аз ин нуқтаи назар, гирифтани пеши роҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлубу даҳшатовар вазифаи хар як шахси поквиҷдон ва ватандӯсту ояндасоз мебошад.

 Дунё ва зиндагӣ барои меҳнат, сохтан, бунёд кардан, чизе аз худ гузоштан ва номи наку мондан аст, на барои ҳар чӣ зудтар мурдан. Зиндагӣ ҳаёт ин мубориза аст, мубориза ба муқобили марг. Аз ин лиҳоз, инсон қудрати бузрге дорад, ки ҳама гуна терроризму эктремизм, вандализм ва дигар «изм»-ҳои нодаркору номатлуб, харобиовар, инсонбадбинонаю зишткоронаро аз байн бардорад.

Бояд зикр намуд, ки ягон амали террористиву экстремистӣ бе ҷавоб намемонад ва имрӯзҳо аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати пешгирӣ  ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ  кашидани хоинону ҷинояткорони террорист  тамоми чорабиниҳои фавриву ҷустуҷуӣ  роҳандозӣ карда мешавад. Бинобар ин аз ҳар як сокини соҳибақл даъват ба амал оварда мешавад, ки ба  суханҳои пучу ғаразноки онҳо бовар накарда баҳри пойдории сулҳу субботи ватани азизамон саҳмгузор бошанд ва ҳеҷгоҳ нагузоранд, ки саги нохалафе сӯи Ватани азизамон аккос занад.

 

Мутахасиси бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш           Сатторов Ш.