МИЛЛАТИ ТОҶИК АЗ АЗАЛ МИЛЛАТИ СУЛҲХОҲУ ВАҲДАТОФАР АСТ

Вахш: Вокуниш  

 Пайдо гардидани равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, “Сиёсати дугона” нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо низ таҳдид менамояд ва моро зарур аст, ки имрӯз зери сиёсати одилонаву сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат ҷамъ омада бар зидди тамоми хатару таҳдидҳои ин тоифа шахсони бадкирдор, ки мақсади асоси онҳо ҷангу хунрези ва ноором сохтани фазои амни кишварҳо мебошад, муборизаи беамон барем.

Алҳол шаклҳои зиёди экстремизм маълум аст, ки паҳншудатарини онҳо экстремизми сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, экологӣ зидди ҷаҳонишавӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ мебошанд. Тибқи таҳлилҳо ва мулоҳизаҳо хатарноктарини онҳо экстремизми сиёсӣ ва динӣ мебошанд, ки экстремизми динӣ дар ҷои аввал меистад:

  • Экстремизми миллатгароӣ ғояҳои радикалӣ, таҳаммулнопазирӣ ва амалҳои зидди гурӯҳҳои этникӣ, миллатҳо, наҷодҳо буда, кӯшиши бартарафкунии сиёсӣ ва ҷисмонии онҳо мебошад.
  • Экстремизми динӣ қатъиян эътироф накардани ғояҳои динии дигар, хушунат ва бадбинии пайравони мазҳабҳои дигар, кӯшиши решакан кардан, бартараф намудан ва то ба ҳалокат расонидани намояндагони динҳои дигар мебошад.
  • Экстремизми наврасон ва ҷавонон аз рӯи принсипи қувва, хушунат нисбати дигарон, адоват ба гуногунандешӣ, таҷовуз ба куштор, бунёди ҷомеаи тоталитариро дар асоси тобеият пешниҳод менамояд.
  • Экстремизми зиддиҷаҳонишавӣ - рафтори бераҳмона нисбати ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагони ташкилотҳои СММ, бетартибиҳои оммавӣ, истифодаи зӯроварии бевосита нисбати ташкилотҳо ва ширкатҳои трансмиллӣ ва дигар иттиҳодияҳои характери ҷаҳонишавӣ дошта.
  • Экстремизми ахлоқӣ- таҳаммулнопазирӣ нисбат ба навъи муайяни меъёрҳои ахлоқӣ, қоидаҳои рафтор. Намунаи он риоя накардани одоби сухан, истифодаи суханони қабеҳ ҳангоми муошират, пайравӣ ба намуди зоҳирии ғайр, пӯшидани либосҳои бегона (ҳам ҷавонписарон ва ҳам ҷавондухтарон), риоя накардани қоидаҳои шарафи динӣ ва дунявӣ, расму таомулҳои миллӣ мебошад.
  • Экстремизми сиёсӣ бо мақсадҳои ғаразноки худ аз тамоми шаклҳои номбар шудани экстремизм истифода мебарад ва дар шакли хавфноктарин чун шӯриш, балво, ҷангҳо, таркишҳо, кушторҳо хотима меёбад.

Ҳар яке аз ин ҳаракатҳо дорои хусусиятҳои ба худ хос мебошад, аммо дар ҳар кадоми онҳо зуҳуроти харобиовар, таҷовузкорона, кушторҳои бераҳмона мавҷуданд. Терроризм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунии рушди иҷтимоӣ вобаста мебошад.

Сабабҳои пайдоиши ҷараёни экстремистӣ ва террористӣ инҳоанд:

  • Сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ (омили аввал);
  • Дар сатҳи паст қарор доштани имкониятҳои моддӣ;
  • Ҷараёни сусти корҳои идеологӣ;
  • Камбудиҳои ҷиддӣ дар тарбияи оила (омили дувум);
  • Поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ-мазҳабӣ ва этникии аққалиятҳои миллӣ ва гурӯҳҳои этникӣ;
  • Зӯроварии бевосита ва ба воситаи давлатҳои мутараққӣ нисбати кишварҳои аз ҷиҳати тараққиёти иқтисодӣ дар сатҳи паст қарордошта;
  • Дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ;
  • Фаъол гардидани таблиғгарони динии давлатҳои хориҷӣ;
  • Ҷой доштани мушкилоти ҷиддӣ дар байни ҷавонон;
  • Усули зархаридӣ.

 Пас аз чунин мулоҳиза ва таҳлилҳо моро зарур аст, ки ҳамеша баҳри баланд бардоштани савияи дониши диниву дунявии аҳолии кишвар алалхусус ҷавонону наврасон аз ҳама имкониятҳо дуруст истифода намоему пуштибони аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар намоем, зеро имрӯз кишвари азизамон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат барои баланд бардоштани савияи дониши аҳолӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам овардаанд, танҳо моро зарур аст, ки мафҳуми кунунии сиёсати мазкурро амиқан дарк намоему чун гузаштагони худ ҳамеша аз пайи ободиву созандагӣ ва пешрафту шукуфоии кишвари азизамон бошем, зеро миллати тоҷик  дар ҳама давру замон миллати тамаддунофар ва сулҳхоҳу  ваҳдатофар буданду ҳастанд ва ҳеҷ гоҳ ин миллати таърихӣ тарафдори ҷангу ҷидол ва низоъ набудаанд.

 

 

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш              Р. Ҷалилов