ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ  ЧУН ВАБОИ АСР ХАТАРИ  ГЛОБАЛИИ ҶИДДӢ БУДА , АЪМОЛИ ОН ГУВОҲ АСТ

Вахш: Вокуниш  

 Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад. Истиқлоли давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутаммаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад.

      Бо ташабускориҳои роҳбари хирадмандона, самимияти беназири инсонӣ, руҳи ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои якдигар фаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматию ҳаракатҳои мардуми ва ҳизбҳои сиёсӣ, эътиқоти мардуми диёр, аз ҷумла гурӯҳҳои мухталифи сиёси нисбат ба Сарвари давлат ва ҳамчунин заковати мардуми баномусу бофарҳангамон натиҷаҳои дилхоҳ доданд ва ниҳоят 27- июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.     

         Имрӯз, бояд махсусан таъқид намуд, ки муваффақ шудан ба ризоиятии миллӣ ва сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии сиёсати давлату ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ аст.

Ҳаминро бояд ёдовар шуд, ки миллати тоҷик аз азал миллати тамаддунофару сулҳхоҳ ва ҳамеша тарафдори ваҳдату якдилӣ ва тинҷиву амонии тамоми мардуми сайёра буданд, ки бо раҳнамоиву ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат бо ақли иродаи қавӣ дар муддати кутоҳтарин гирди сарвари хеш ҷамъ омада, ҷангро ба сулҳ ва харобазорро ба гулистон табдил  доданду амалу рафтори ифротию террористи хоинони миллатро ба зуди дарк намуда аз пайи ислоҳи хатогиҳои хеш гардида ҳама зери як парчами сулҳу дӯсти ва ваҳдату рафоқат ҷамъ омаданд.

Ҳамин сарҷамъӣ ва якдилии мардуми кишвар буд, ки дар муддати кӯтоҳтарини таърихӣ халқ  тавонист, ки ин гурӯҳҳои ифротиву тафриқаандоз ва бадхоҳи миллати тоҷикро, ки таҳти барномаҳои хориҷиҳо амал мекарданду мақсади ягонаашон несту ноубуд ва сарсону саргардон намудани миллат буд, ки сарнагун созанду пайи ободиву созандагии сарзамини хеш камари ҳиммат банданд.

Миллати тоҷик ки ҳамеша тарафдори сулҳу субот ва якдилии тамоми мардумони сайёра мебошанд, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани кишварамон таҳти роҳбарии Пешвои миллат бар зидди тамоми гурӯҳои тундраву ифротгар, хурофотпарастиву террористи ва экстремистӣ муборизаи беамон бурда умуман ин тоифа ва амалкардашонро қабул надошта, ин афродро ҳатто инсон ҳам намешуморад. Пешвои муаззами миллат дар тамоми баромадҳои хеш дар  сатҳи кишвар ва ҷаҳон таъкид менамоянд, ки барои мубориза бар зидии ин падидаҳои номатлуби замон ҳамеша якдиливу сарҷамъии тамоми миллатҳои сайёра лозим мебошад, зеро дар танҳои решакан ва несту ноубуд намудани он барои давлатҳо мушкилиҳои зиёд бабор меоранд, ҳамин аст, ки Пешвои муаззами миллат оиди терроризм ва экстремизм чунин баён намудаанд: «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.

Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон ҳамеша иттиҳоду ягонагии аҳли ҷомеа ва фалсафаи таҳоммулгароиро тарғибу ташвиқ намуда, бо намояндагони дигар халқу миллатҳо, дину оин ва фарҳангҳо муносибати некбинона доштаанд. Чанд ҳазор сол пеш қабул гардидани аввалин Эъломияи ҳуқуқу башари Куруши Кабир, ки то имрӯз моҳияти худро гум накардааст, далели равшани фал­сафаи таҳаммулгароии ниёгони мо ва эътирофи ваҳдати миёни халқу миллатҳо ва дину мазҳабҳо аз ҷониби онҳо мебошад.

Пас месазад, ки ҷавонони имрӯза низ ба монанди гузаштагони худ ҳамеша тарафдори сулҳу субот, дӯстиву рафоқат ва ваҳдати тамоми мардуми сайёра бошанд ва ба тамоми ҳастияшон амалу рафтори нопоку ноҷаввонмардонаи гурӯҳҳои тундраву ифротиро маҳкум намоянду бар зидди ин тоифа муборизаи беамон баранд.

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, Р.Ҷалилов.