ТЕРРОРИЗМ БА ҲЕҶ  ВАҶҲ  БА ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ  РАБТ НАДОРАД ВА АМАЛИ ПАСТУ КАСИФ МЕБОШАД

Вахш: Вокуниш  

 

 Чуноне, ки ҳамагон имрӯз аз тариқи Васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоии интернети ба хуби огаҳи дорем, дар асри 21 байни давлатҳои абадқударати ҷаҳон рақобате ба вуҷуд омадааст, ки кӯшиш барои соҳиб шудан ба нуфуз ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табиӣ, энергетикӣ, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад. Бо мақсади қонеъ намудани нафси касифи худ ва ба даст овардани сарвату дороиҳои давлатҳои алоҳида аз тамоми роҳу васила истифода менамоянд, то рақибони сиёсиро зуран барканор намоянду бар сари миллатҳои алоҳида ҳукумфармои намуда, онҳоро дар як вазъияти ногувору паст, дар ҳолати ваҳшонияти асри миёнаги қарор диҳанду аз сарвату боигариҳои давлаташон ба нафъи хеш истифода намуда аҳолии ин кишварҳоро ғуломи хеш намоянд.

Донишмандон таъкид менамоянд, ки қудраҳои ҷаҳонӣ дар доманпаҳнкунии экстремизм ва терроризм дар ҷаҳонӣ Ислом даст доранду бо ин роҳ ҳадафҳои геополитики ва геостратегии худро пиёда месозанд ва аз номи дини мубини Ислом барномарези намуда ҷавонони гумроҳу бесаводе, ки насаводи диниву на дунявиро доро мебошанд мағзшӯи намуда, ба доми хеш мекашанду баъди омӯзиши истифода аз яроқҳои оташфишони ҷангӣ барои қаталу ғорат ва кушторҳои бераҳмонаи аҳолии бегуноҳи кишварҳои зери нақша равон менамоянду ҷони ҳазорон ҳазор одамони бегуноҳро аз байн мебаранд, ҳоло он ки на рафтор, нагуфтор ва накирдори ношоистаи ин ашхос ба дини мубини Ислом, ки ҳамеша тарафдори сарҷамъиву сулҳу субот ва якдилии тамоми мардуми сайёра мебошад умуман рафъе надорад. Ҳоло доираи тафриқа ва парокандагӣ домангири давлат ва минтақаҳои мусулмоннишин гашта, андешаҳои тундрав ва идеологияҳои ба Ислом бегона, вале бо ном исломӣ, боиси пора-пора гаштани мусулмонон ва ба фирқаву гурӯҳҳои бо ҳам душман табдил ёфтани онҳо шудааст. Як гурӯҳ, гурӯҳи дигарро кофир мехонад ва ҳаммиллате бар зидди ҳаммилати худ меҷангад. Гурӯҳҳои тундрав зери ниқоби ислом ба бадтарин ва манфуртарин аъмол, аз ҷумла, қатли ом, бераҳмона сар буридани занону духтарон, аз байн бурдани миллатҳо, оташ задани хонаи мусулмонон, тарконидани масҷидҳо, ғулом намудани занону кӯдакон, истифодаи тамоми намудҳои аслиҳа ба муқобили мусулмонон, талаву тороҷ кардани мардум, аз номи ислом гумроҳ намудани ҷавонон ва садҳову ҳазорҳо беадолатиҳои дигар даст мезананд. Таҳлилгарон вазъияти ба вуҷудомадаро бисёр хатарнок дониста, бар он назаранд, ки танҳо истифода аз иқдомҳои низомию амниятӣ роҳи ҳал нест ва бояд сабаб ва решаҳои ин бемориро илман омӯхт. Вазъияти феълӣ ба тамоми раҳбарони кишварҳои ҷаҳон махсусан мусалмоншин, донишмандон ва мутафаккирон лозим мегардонад, то бо камоли ҳикмат ва бо истифода аз таҳқиқоти илмӣ, доир намудани конфронсҳо, тарҳи роҳи ҳали илмии ҷиддии содиқона, мунсифона ва фарогири тамоми паҳлӯҳои фикрӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гирифториҳои ба миёномадаро муолиҷа намоянд. Бояд гуфт, ки терроризм дар солҳои ахир ба худ симои байналмилалӣ гирифта, гурӯҳҳои хурд бо ҳам муттаҳид мешаванд. Дар чунин ҳолат ин вабои аср танҳо бо эътилофи ҷаҳонӣ ва муборизаи содиқонаи ҳамаи кишварҳои ҷаҳон метавонад решакан шавад.

Миллати тоҷик ки аз азал миллати тамаддунофару соҳибфарҳанг ва сулҳпарвару сулҳхоҳ мебошанд, аз рӯзҳо аввали соҳибистиқлолии кишвар зери сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва ташкилотҳои минтақавию байналмилӣ дар масъалаи мубориза бар зидди терроризм  ва дигар намуди киберҷиноятҳо ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳу аслиҳа шартномаҳои муштарак ба имзо расонида, бар зидди ин вабои асру замон муборизаи беамон мебарад ва ба тамоми ҳасти миллату давлати тоҷик амалу рафтори разилонаи ин падидаҳои номатлубро маҳкум менамоянд.

 

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии

Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш                                          Р.Ҷалилов.