МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БАЙНИ АЪЗОЁНИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН”

Вахш: Созандагони ватан  

Бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ имрӯзҳо дар сар то сари кишвари азизамон мусобиқаҳои гуногуни милливу варзишӣ доир гардида истодааст, ки дар ин асно дар асоси нақша чорабиниҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ташкилоти ибтидоии “Ваҳдат” байни аъзоёни ташкилоти мазкур мусобиқаи варзишии “Шоҳмот ва шашка” баргузор гардид. Дар мусобиқа омӯзгорону хонандагон ва дигар аъзоёни ташкилот иштирок намуданд. Рафти мусобиқа нишон дод, ки ин самти варзиш ҳаводорони зиёде дорад.  Дар фарҷоми мусобиқа ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳо супорида шуд.

Шуъбаи таблиғот ва  иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш