БАРГУЗОРИИ ОЗМУНҲО ОМИЛИ АСОСИИ БАЛАНДРАВИИ САВИЯИ ДОНИШИ АҲОЛӢ

Вахш: Созандагони ватан  

Давоми солҳои соҳибистиқлоли кишвар иқдомҳои шоиставу беҳамтои Пешвои муаззами миллат дар самти баланд бардоштани савияи дониши аҳолии кишвар беҳамто буда, ҳамасола дар кишвар байни тамоми қишрҳои ҷомеа озмунҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор карда мешавад. Бояд гуфт, ки ҳадаф ва мақсад аз баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ин пеш аз ҳама баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи аҳолии кишвар алалхусус ҷавонону наврасон ба шумор меравад.

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишвар ва нақша чорабиниҳои муштараки КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, оид ба баргузор намудани даврҳои аввали озмуни мазкур дар назди ташкилоти ибтидоии “Китобдорон” – и ноҳия маҳфили Фурӯғ амал менамояд, ки  он шоирону навқаламонро ба худ ҷалб намуда, шоирону нависандагони ноҳия ба довталабон ҳама рӯза дар якҷоягӣ бо китобдорон ёрии амали хешро расонида истодаанд, ки аз рафти як маҳфил масъулини кумита дидан намуданд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш