БАРГУЗОРИИ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Вахш: Созандагони ватан  

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи аҳолии кишвар бахусус наврасону ҷавонон дар саросари мамлакат як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо ташаббус ва ибтикори Пешвои муаззами миллат ба роҳ монда шудаанд, ки яке аз онҳо ин озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” ба шумор меравад, ки айни замон дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия даври аввали озмуни мазкур бо иштироки хонандагон баргузор гардида истодааст. Масъулини кумита дар ноҳия аз рафти баргузории озмун дар МТМУ №3 дидан намуданд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш