ПАЙРАВОНИ СОДИҚИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

Вахш: Созандагони ватан  

Дар партави дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишвар, оид ба кабудизоркунии маҳали зист ва саҳм гузоштан дар сарсабзиву ободонии кишвар, дар асоси нақша чорабиниҳои муштарак аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба корҳои ободони камари ҳиммат баста дар ташкилотҳои ибтидоӣ ба шинонидани гулу гулбутаҳо, дарахтони ороишиву сояафкан ва тоза намудани ҷую заҳкашҳо машғул гардида истодаанд.Бо ин мақсад аъзоён ва ҷонибдорони ТҶҶ "Созандагони Ватан" ба мақсади арҷгузоштан ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ба ҳашари дастаҷамъона баромада, ба шинонидани гулҳои мавсимӣ, дарахтони ороишӣ, тоза намудани ҷуйборҳо машғул гардида, як гӯшаи диёри азизамонро сарсабзу хуррам гардониданд ва тасмим гирифтаанд, ки дар оянда низ ба чунин корҳои ободони барои зебову дилкаш гардидани деҳаву маҳалҳо саҳмугузори намоянд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии     Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.