ВОХУРИИ ГӮРУҲИ КОРӢ ДАР МАСҶИДИ ПАНҶВАҚТАИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САЙИДМУМИН РАҲИМОВ

Темурмалик:  

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат, гӯруҳи корӣ  бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмасаид, муовини раиси ноҳия Айниддин Аслиддин ва Сармутахассиси танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷамоати деҳоти Сайидмумин Раҳамиов Гадоев Саидмаҳмуд дар масҷиди панҷвақтаи Ҷамоати деҳоти Сайидмумин Раҳамиов  оид  ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ободонию созандагӣ, татбиқи дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати дохилию хориҷии кишвар, пешгирии ҷинояткорӣ аз тарафи ноболиғон, риояи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, шомилшавӣ ба равияҳои экстремистию террористӣ, истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, захираи дусолаи маводи ғизоӣ  ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

           Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  Раҷабзода  Маҳмасаид  дар суханрониашон  қайд кардаанд, ки падару модаронро зарур аст, дар таълиму тарбияи фарзандон масъулияти баланд ҳис намоянд. Ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, аз худ намудани касбу ҳунар, забономӯзӣ бояд тарбия намоянд.