СӮҲБАТУ ВОХУРИҲО БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА” ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САЙИДМУМИН РАҲИМОВ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар доираи сазовор таҷлил намудани ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон усули “Хона ба Хона” вохӯриҳои судманд доир карда шуд.Дар вохӯрӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, муовини раиси ноҳия Айниддин Аслиддин, Сардори шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳоли дар ноҳияи Темурмалик Акбарзода Мукарама,  ва Сармутахассиси танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷамоати С.Раҳамиов Гадоев Саидмаҳмуд бо сокинони Ҷамоати деҳоти Сайидмумин Раҳимов ноҳия вохӯрда, вобаста ба масъалаҳои муҳими рӯз корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом доданд. Дар вохӯрӣ ба сокинони ҷамоати номбурда оид ба ободонию созандагӣ, татбиқи дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати дохилию хориҷии кишвар, пешгирии ҷинояткорӣ аз тарафи ноболиғон, риояи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳои ҷавон, шомилшавӣ ба равияҳои экстремистию террористӣ, истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, захираи дусолаи маводи ғизоӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.