АЁДАТИ СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, тибқи дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо пайваста кумакҳои моддиву молиявӣ расонида мешавад.

     Дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кӯмак ба оилаҳои эҳтиёҷманд, бепарастарон ва собиқадорони меҳнат имрӯзҳо ба ҳукми анъана даромадааст.            

    Бо ҳамин мақсад дар арафаи иди саиди фитр аз ҷониби  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмасаид ва раиси Собиқадорони меҳнат Сафаров Ғанӣ ба як нафар собиқадори меҳнат Қудратов Убайдулло кумаки моддӣ  расонида шуд.