ПАЁМ РАҲНАМОИ МО

Темурмалик: Андеша  

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хело саривақтӣ буд. Ин Паём аз дигар паёмҳо ба кулли фарқ дошт, чунки Президенти кишвар дар ин Паём ҳамаи бурду бохти кишварро дар давраи ҳисоборӣ таҳлил намуданд. Аз ҷумла, 40 фоиз баланд бардоштани музди маоши кормандони буҷетӣ дар тамоми соҳаҳо такони ҷиддие бахшид ва ин дигаргуни боиси пешравӣ дар ҳамаи соҳаҳо мегардад, инчунин кормандони ниҳодҳои гуногуни соҳаҳои буҷетӣ хеле руҳбаланд гардида, боз ҳам бо дасту дилу ниятҳои нек кору фаъолият менамоянд.

              Инчунин Президенти кишварамон соли 2024-ро ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд, ки ин иқдом барои баланд бардоштани дониши ҳуқуқии шаҳрвандони кишвари азизамон хело бамаврид аст. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад. Аз ин ру ҳар як шахсро зарур аст, дар бораи қонун, чи будани қонун ва дар куҷо чи гуна рафтор карданашро донад.

              Қонун чист? Қонун-санади ҳуқуқие мебошад, ки аз ҷониби мақомоти олии қонунгузорӣ (намояндагии) ҳокимияти давлатӣ ва ё тариқи овоздиҳии умумихалқӣ бо тартиби махсус қабул гардида, муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Ҳуқуқ чист? Ҳуқуқ низоми қоидаҳои ба ҳама ҳатмии рафтор буда, аз тарафи давлат қабул муқаррар ва тасдиқ мегардад ва муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Инчунин ҳар яки моро лозим меояд мазмуну маънои калимаи маърифатро ба дурусти дарк намоем. Маърифат-яъне илму дониш.

              Паёми имсола барои дигар мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистонро руҳбаланд гардонид. Аз ҷумла Президенти кишварамон дар меҳвари сиёсати худ ҷавонон ва занону бонувонро дар мадди аввал мегузоранд, ки ин ҳар як ҷавони бонангу ор ва ҳар зане, ки дар баробари мардон барои хизмат ба халқу ватани худ содиқ аст водор ба он менамояд, ки барои пешравии Тоҷикистони биҳиштосоямон аз ин ҳам бештар ҷаҳду талош намоянд, то ки як гушаи Ватани азизи худро боз ҳам зеботар, ободтар ва донишу ҷаҳонбинии мардумашро аз ин ҳам фарохтар намояд.

Ширмои Маҳмадсаид:-вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Темурмалик