РОҲПАЙМОӢ БО АЛБОМ - ЭСТАФЕТА

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Меҳмонон ва иштирокчиёни аксияи “Албом-эстафета” таҳти унвони “30 – соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” бахшида ба 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назди Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии ноҳия то Боғи марказӣ, ки аз руи нақша муаян гардида буд, бо шиору овезаҳои тараннумгари истиқлолу ваҳдат ва парчамҳои ҳизбию давлатӣ роҳпаймоӣ намуда, аз Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Темурмалик ба номи “Бобоюнус Худойдодзода”, ки дар Боғи марказии ноҳия ҷойгир мебошад дидан намуданд.