ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "СИНО" МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ- ИНТИХОБОТӢ ДОИР ГАРДИД.

Ш.Шоҳин:  

Дар таърихи 10-юми июли соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сино” бо иштироки  кормандону аъзоёни ташкилоти ибтидоии болозикр маҷлиси ҳисоботӣ- интихобӣ баргузор карда шуд.

Маҷлис аз рӯи масъалаҳои мазкур мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид:

1.Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ (аз 01.07.2023 то 01.06.2024).

2.Дар бораи пешниҳод ва интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ.

3.Дар бораи пешниҳод ва интихоби вакил ба Конференсияи 20-уми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ш. Шоҳин.

4.Масълаҳои ҷорӣ.

Сараввал, Неъматов Абдуқаҳҳор- раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сино” доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар назди ҳозирин ҳисобот пешниҳод намуд.

Баъдан,  Сафаров Ҷаббор  аъзои ташкилоти  ибтидоӣ  ба сухан баромада, ҳисоботи  раиси  ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш арзёбӣ намуда, номзадии Неъматов Абдуқаҳҳорро  ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоӣ ва  вакил барои иштирок дар Конференсияи ноҳиявии ҳизб пешниҳод намуд.

Бо дастгирии аксари аъзоён номзадии Неъматов Абдуқаҳҳор  ба вакилӣ интихоб  гардид.

Дар охир намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Сунатуллоева Мавзуна  ба сухан баромада доир ба масъалаҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андеша намуда,  бо баррасии масъалаҳои муҳокимашуда маҷлисро пӯшида эълон намуд.