ВОХӮРИВУ МУЛОҚОТ ОИДИ  ҶАЛБ НАМУДАНИ СОКИНОНИ ҶАМОАТ БО ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ  ДАР  НБО “РОҒУН”

Шаҳритуc:  

Санаи 30 апрели соли 2024 дар ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Назаров”-и ноҳияи Шаҳритус бо иштироки    масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия,  раис ва кормандони ҷамоат, раисони кумитаи маҳаллаву деҳотҳо, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта, раисони ҳоҷагиҳои деҳқонӣ, ҷавонон ва намояндагони дигар соҳаҳо, вохӯриву мулоқот, оид ба ҷалб намудани сокинони ҷамоат бо ҷойҳои кори холӣ  дар  НБО “Роғун” доир гардид.

 Дар баргузории вохӯриву мулоқот масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия баромад намуда қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳайси сарпарасти маънавии иншооти бузурги аср, Неругоҳи Барқи Обии “Роғун” эътироф шудааст.

        Ҳамзамон Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи НБО “Роғун” тасмим гирифтааст, ки бо мақсади ҷалб намудани сокинони шаҳру ноҳияҳои мамалакат бо ҷойҳои кори холӣ НБО “Роғун” тадбирҳо амлӣ менамояд.

       Инчунин ба иштирокчиён ва фаъолони ҷамоат, оиди Роҳхати ҳизбӣ ва ҷойҳои кори холӣ НБО “Роғун” аз он ҷумла: номгуи вазифаҳо, шумораи воҳидҳои корӣ, музди миёнаи моҳона, реҷаи корӣ вахтавӣ (басти рӯзона, басти шабона ва 15 рӯз дар як моҳ)  корҳои фаҳмонидадиҳи   карда шуд.