ТОЗА НАМУДАНИ ГИРДУ АТРОФИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲО ТАҲТИ УНВОНИ  «РӮЗИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ»

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

  Санаи 25 апрели соли 2024  бо ташаббуси  масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамбастагӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии “Заминсоз”, “Идораи беҳдошти замин”, “Маорифчиён” “Идораи ҷангал”, “Ҷамоати деҳоти Обшорон” ва иқдоми пешгирифтаи аъзоёни фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ, бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, инчунин саҳмгузори ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ  дар кучаву маҳаллаҳо,  таҳти унвони  «Рӯзи ободониву созандагӣ» шанбегии дастҷамъона ташкил гардида, бо ҷалби аъзоёни фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ ва  аъзоёни фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва волонтёрҳо, гирду атрофии ташкилотҳои ибтидоӣ, гирду атрофи шоҳроҳҳои маркази ноҳия ва ҷуйборҳои обгузар аз хазонрезаҳо тоза гардида, таги дарахтон нарм карда шуда  дар сатҳи баланд баргузор гардид.