МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ СЕМОҲАИ ЯКУМ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «СОМОН»

Шаҳритуc:  

 Санаи 24.04.2024 сол дар ташкилоти ибтидоии «Сомон» маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи якум  бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия, раиси ташкилоти ибтидоӣ ва кормандони ташкилоти ибтидоии «Сомон»   доир гардид.  Бояд қайд намуд, ки маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи якум дар ташкилоти ибтидоии «Сомон»   бо  масъалаҳои зерин:

      1.Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2024  ва вазифаҳо барои оянда;

     2.Масъалаҳои  ҷорӣ  (ҷалби ҷавонон ба сафи хизмати ҳарбӣ ва пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва тундрав.

       Дар рафти маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи якуми ташкилоти ибтидоии «Сомон» раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус баромад намуда қайд намуд, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ-бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардида, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар тамоми соҳаҳофаъолияти ҳаёти давлативу ҷамъиятиро сафарбар менамояд.

 Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмиллалиро ба бор оварда дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва эксремизм мебошад.

     Терроризм худ падидаи номатлуби ҷомеаи навин, буда фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, ба гаравгон гирифтани одамон, ва рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ва амсоли  инҳо дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати  ҷӯдоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезтро доро буда, бо террорризм алоқаи ногусастанӣ дорад. Бо тарзи дигар, мақсад ва оқибати экстремизм ин терроризм аст. Вале дар умум чунин баҳогузорӣ мебояд намуд, ки ҳарду ба истилоҳ комилан хатари калони парокандагиву бесарусомониро доро буда, оқибати басо нанговар доранд.