Гулмуродзода Қумриниссо – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Гулмуродзода Қумриниссо Гулмурод 26 октябри соли 1974 дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1991 баъди хатми муассисаи таълимии №10-и шаҳри Норак ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев дохил шуда, соли 1996 онро бо ихтисоси муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик хатм намудааст.

Баъди хатми донишгоҳ соли 1996 фаъолияти кории худро ба ҳайси муҳаррири хурди барномаи иттилоотии «Навид»-и телевизиони ҷамъиятии «Пойтахт» дар шаҳри Душанбе оғоз намудааст.

Солҳои 1999-2000 нозири хурди гумрук дар истгоҳи роҳи оҳани «Пахтаобод»-и Раёсати Турсунзодагии Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2006-2012 мудири шуъбаи ташкилї ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи раиси шаҳри Норак.

Солҳои 2012-2013 ҷонишини директори генералии ҶДММ «Ориён-Аҷам».

Солҳои 2013-2014 мутахассиси шуъбаи кадрҳо оид ба корҳои махсуси ҶСК «НБО-и Роғун» шуда кор кардааст.

Солҳои 2014-2022 дар вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак фаъолият намудааст.

Аз декабри соли 2014 то инҷониб вазифаи муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ба уҳда дорад.

Аз соли 2007 узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳамзамон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак мебошад. Соли 2020 бо мукофоти давлатї - медали Хизмати шоиста сарфароз гардонида шудааст.

 Соҳиби 1 нафар фарзанд аст.