ВОХӮРИҲОИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО СОКИНОН ПАЙВАСТА ИДОМА МЕЁБАНД

Кушониён:  

Санаи 28-уми марти соли равон дар деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ҷиҳати расонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо иштироки муовини раиси ноҳия, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшоиён, мудири  бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар ноҳия, масъулони ҷамоат ҷиҳати баррасии масъалаҳои мубрами рӯз ва ҳалуфасли он вохурии навбатӣ доир гардид. Зимни вохӯрӣ раисони маҳаллаҳо, эмомхатибон ва фаъолони ҷамоат иштирок варзида бо онҳо оиди барасии нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат, масъалаҳои пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳолати кабудизоркунӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва рафти корҳои ободонӣю созандагӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд. Чунин мулоқоту вохӯриҳо пайваста дар шаҳраку ҷамоатҳои ҳудуди деҳаҳои ноҳия доир гардида, дар пешрафти сатҳи зиндагии мардум ёрии амалӣ мерасонад.