ВОХӮРИИ ВАКИЛОН БО ФАЪОЛОН ВА АҲЛИ ҶАМОАТЧИГИИ НОҲИЯ

Кушониён:  

 Санаи 28 марти соли 2024, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 9 марти соли равон бо фаъолон, намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дин баргузор гардида буд, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти Раёсати раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиён Муҳаммад Султонзода, Абдусаломзода Мунаввара Алиакбар ва Ализода Зафар, бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия вохӯрии судманд баргузор гардид. Нахуст, роҳбарияти ноҳия ташрифи меҳмонони гиромиро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, мақсад аз баргузории ҷамъомадро иброз намуданд. Сипас, сухан ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Дар суханрониашон иброз доштанд, ки мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин бори дигар хиради воло, таҳлили амиқ ва назари неки Сарвари давлатро дар роҳи шинохти дини мубини Ислом чун дини инсонпарвар ва ҷудо намудани хурофот, ҷоҳилият, таълимоти экстремистӣ ва террористӣ аз таълимотӣ динӣ ва ҷилавгирӣ аз бегонапарстиву фарҳанги бегона ба ҳозирин нишон дод. Қайд гардид, ки ҳамагон худ шоҳиди он аст, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳон чи қадар таҳавулотҳои ногузир бесару сомонро пушти сар кардаву аз хатарҳои фоҷиабори хеш дарак дода истодааст ва ин хатарҳо аз зумраи он хатарҳои доғи ҷомеа аз қабили терроризму экстремизм, гурӯҳҳои ифротию иртиҷоӣ, ҷалби ҷавонони камсаводу гумроҳ ба ташкилотҳои мамнуъ ва ҳизбу ҳаракатҳои бегона мебошад. Сарвари давлат бори дигар дар ин мулоқоти сатҳи олӣ, миёни фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ин масъалаҳои нанги ҷомеаро ба риштаи таҳлили соддаву оддӣ матраҳ намуданд. Таъкид гардид, ки имрӯз мо аз хурд то бузурги миллати тоҷик баҳри босавод сохтани насли ояндаи хеш масъулем, зеро ки насли босаводу донишманд ва ҳушёру зирак метавонад дар рушди минбаъдаи давлату давлатдорӣ, арҷгузор ба муқадассоти миллӣ, эҳёи ҳунарҳои қадимаи хеш ва расму оин ҳиссагузор бошем.