ИҚДОМИ БАХШИ САҲШ-И НОҲИЯИ КӮШОНИЁН ДАР РӮЗҲОИ НАВРӮЗИ

Кушониён:  

Санаи 21-уми марти соли равон ба ифтихори ҷашни Нарӯзи дар ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оила”-и бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия чорабинии идона доир карда шуд.

Зимни оғози чорабинӣ раиси ташкилои ибтидоии ҳизбӣ Иброҳизода Мумина Бозоралӣ, дар назди ҳозирин сухарони намуда, иброз намуд, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯзи мақоми байналмилали касб кард, ки имрӯзҳо дар саросари ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.

Дар фарҷом аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ба 10- нафар тифлони навзоди ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳия дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи таваллуд ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.