БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР

Кушониён:  

Бахшида ба эълон гардидани Рӯзи байналмилалӣ ҳифзи пиряхҳо ва инчунин соли 2025 “Соли байналмилалӣ хифзи пиряхҳо” аз тарафи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонон ва варзиш” дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мизи мудаввар таҳти унвони «Тоҷикистон - пешоҳанги ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон», баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур Шукронаи Маҳмадализода, мудири бахши кор бо занон ва оила Раҳимова Саёра ва занону ҷавонон иштирок намуда доир ба муаррифӣ намудани ҷавонон бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани “Соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21-уми март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” шиносоӣ пайдо намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд суханронӣ намуда, фикру ақидаҳои худро оиди масъалаи об ба ҷаҳониён пешниҳод гардонанд. Перомуни ин масъала Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштаанд, ки: «Тоҷикистон, алҳақ, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бои зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем».

Механизми байналмилалии ҳифзи пиряхҳо имрӯз аз ҷониби СММ ба роҳ монда шуда, барои дар кулли сайёра ҷалб намудани диққат ба он аллакай чандин чораҷӯиҳо руи кор омаданд, ки ба қатори онҳо дохил мешаванд:

- Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

- Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

- Таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо дар назди СММ;