АЁДАТИ МАЪЮБОН ВА НИЁЗМАНДОН ДАР ҶАШНИ НАВРӮЗ

Кушониён:  

Дасти ёрӣ дароз кардан ба бечорагону бенавоён, ятимону бепарасторон, пирони рӯзгордида бешакку шубҳа, гувоҳи имони комил доштани эҳсонкунанда мебошад. Касе агар аз рӯи инсофу дилсӯзӣ кори неку муфиде барои ниёзманде анҷом медиҳад, Худованд чораи кори ин эҳсонкорро осон гардонда, бар иввазаш аҷру подоши бешумор медиҳад.

Қобили аҳсану сано гуфтан аст, вақте инсон дар баробари хонадони худ дар андешаи маъюбон ва ниёзмандон бошад. Ин гуна инсонҳо дар байни мардум соҳиби эҳтирому эътибор мебошанд. Яке аз ин нафарон, ки ҳамавақт дар фикри ниёзмандону маъюбон, собиқадорон ва пирони рӯзгордида мебошад, Маҳмадализода Шукрона раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҷавонон ва варзиш"-и ноҳияи Кӯшониён, ки бо иштироки у ба аёдати нафарони маъюбу ниёзманд рафта, аз ҳолу аҳволашон хабар гирифтанд.