МУСОБИҚАИ ЗЕҲНИИ ШАШКА МИЁНИ БОНУВОН

Кушониён:  

Бо мақсади инкишофи нерӯи солими ҷомеа, баланд бардоштани маҳорату малакаи насли наврас, бахусус ҷавонон занону бонувон дар риштаи варзиш, сайқал додани фикрронӣ ва инкишофи нерӯи зеҳнӣ миёни занону бонувони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Кӯшониён ва занони мактаби варзишии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ "Ҷавонон ва варзиш" бахшида ба муносибати ҷашни “Наврӯз” бозии шашка ва шоҳмот баргузор гардид.Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур ин иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани қобилияти зеҳниву фикрии ҷомеа, пешгирӣ намудан аз паҳн шудани ақидаҳои ифротӣ, инчунин рушди ин намуди варзиш бо роҳи ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии беҳтаринҳо дар ин самт мебошад.

Баргузории мусобиқаи бозии зеҳнии шашкаро масъули Мактаби варзишии ноҳия доварӣ намуданд.