БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ГУШТИН МИЁНИ ДЕҲАҲО

Кушониён:  

 Гуштингири яке аз намудҳои қадимтарини варзиши тоҷикон буда бе гуштингири ягон рӯзи хурсанди намегузашт, паҳлавонон ҳамеша машқи гуштин доштанд. Аз хурди чавонмардҳо ба гуштин машқ мекарданд аввал дар тӯйҳои ҳамдеҳа баъд дар деҳаҳои ҳамсоя ба базмҳои гуштингири мерафтанд. Ба ин хотир маросими камарбандон барпо мешуду, он ҷавонмард номи паҳлавонро гирифта дар базму маракаҳои мардум ҳамчун паҳлавон мустақилона ширкат меварзид. Дар доираи нақша-чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонон ва варзиш” санаи 28-уми марти соли 2024, мусобиқаи варзишии гӯштини миллӣ аз намуди "ГУШТИНГИРӢ" аз рӯи усули деҳа ба деҳа ва маҳал ба маҳал байни наврасону ҷавонон ва сокинони ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 50– нафар наврасону ҷавонон ҷалб гардида, шумораи зиёди сокинон бозингарони деҳаҳои худро мухлисӣ намуданд. Ҳамзамон, нафарони ғолиб имконияти иштирок дар марҳилаи минбаъдаи мусобиқаро пайдо намуданд.