АЁДАТИ ШАХСОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба таҷлили ҷашни фархундаи Наврӯз, ки "Наврӯзи байнамилалӣ" ном гирифтааст бо иқдоми хайрхоҳонаи узви Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Вализода Икромиддин Сироҷиддин бо иштироки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва муовини раиси ноҳия ду нафар шахсони имкониятшон маҳдуди Ҷамоатҳои деҳоти Ориён ва Сарвати Истиқлоли аёдат намуда, ба онҳо маводҳои ғизоӣ, шириниҳо, кӯмакҳои моллӣ ва аробачаи маъюбӣ тақдим намуданд.

Аёдатгардидагон ва наздикони онҳо барои таваҷҷуҳи хос миннатдории самимии худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, ба меҳмонон низ изҳори миннатдорӣ намуданд.